Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин коргурӯҳ бар асоси ёддошти тафоҳуми имзошуда дар чорчӯби сафари расмии раиси ҷумҳӯри Озарбойҷон ба Узбекистон дар июни 2022 ташкил шуд.
Дар ин нишаст иҷрои « нақшаи роҳ »и имзошуда дар моҳи августи соли гузаштаи милодӣ дар бораи густариши беш аз пеши ҳамкориҳои мутақобил мавриди баррасӣ қарор гирифт . Аз ҷумла гузоришоте дар мавриди корҳои анҷомшуда ироа шуд.
« Нақшаи роҳ » шомили пружаҳое монанди манобеи энержиҳои таҷдидпазиру мушорикати давлатӣ – хусӯсӣ, баҳраварии энержӣ, тавлиди барқу гармо, иктишофот дар блокҳои сармоягузорӣ, петрошимӣ, бумисозии тавлидот, ислоҳоти ниҳодӣ, табодули таҷриба дар заминаи омӯзиши кормандон аст.
342/